<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>C</key>
<hymn_number>145</hymn_number>
<title>Худоям замину замон офарид Хд145</title>
<lyrics>[V1]
.Am                   G
 Худоям замину замон офарид,
.Dm                     Am
 Аз ин бартар Ӯ осмон офарид.
 Ҷаҳонро ба нуре мунаввар намуд,
 Чу хуршеди партавфишон офарид.

[C1]
.  Dm                       Am
   Чӣ розе нуҳуфтаст дар кори Ӯ,
.  G                      A
   Ки аз абр рангинкамон офарид.
   Ба гарданда гардун шабу рӯзро
   Зи торику равшан нишон офарид.

[V2]
 Ҳар он чи ки бинӣ ба дунё, аз они Ӯст,
 Ки ҳам зарра, ҳам Каҳкашон офарид.
 Нагунҷад бузургиш дар фикри мо,
 Худ огоҳ зи он чи ки он офарид.

[C2]
   Басират ҳамебахшад аҳкоми Ӯ,
   Каломи сафобахши ҷон офарид.
   Хушоянду некӯст фармони Ӯ
   Ки онро чу дурри гарон офарид.

[V3]
 Худо пок созад маро аз гуноҳ,
 Наҷотам ҳаме ройгон офарид.
 Чу тавба кунам, бахшадам бор-бор,
 Зи тавба ба ҷонам тавон офарид.

[C3]
   Чӣ ҳаққу чӣ адл аст гуфтори Ӯ,
   Ки Худ ин ҳама ончунон офарид.
   Ситоиш кунам Холиқи хешро,
   Ки бар ман чӣ хуш посбон офарид.

[V4]
 // Намонад ба дунё касе пойдор,
 Ба гул низ фасли хазон офарид.
 Бувад Мунҷии ман, паноҳгоҳи ман
 Худое ки ҷону ҷаҳон офарид. //</lyrics>
</song>